Shahlo歌词由Rustam Azimi演唱,出自专辑《Shahlo》,下面是《Shahlo》完整版歌词!
Shahlo歌词完整版
Шоме, ки бо ҳангомаву ,,Ёр-ёр,,
Рафтиву мондам бо дили зор-зор..
Дунё бишуд дар дидаам тор-тор,
Девонаам, девонаат, ёр!
Вакте, ки чашмам баҳри чашмонат,
Афсонаҳои ошиқӣ хонад,
Ин қиссаро ҷуз мо кӣ медонад?!
Дилдодаам, дилдодат, ёр!
Шаҳло!
Бе ту манам Маҷнуни бе Лайло,
Саргаштае дар кучаи ғамҳо,
Афтодае танҳои танҳо!
Рафтиву гуфтӣ, ин хати тақдир,
Дигар надорад чораву тадбир,
Мондӣ маро дар гӯшае дилгир,
Ғамхонатам, ғамхонаат, ёр!
Ҳайфи ҳама паймонаву паймон,
Бо орузуҳои пури армон,
Дар ҷону ман шуд дарди бедармон,
Девонаам, девонаат, ёр!
Шаҳло!
Бе ту манам Маҷнуни бе Лайло,
Саргаштае дар кучаи ғамҳо,
Афтодае танҳои танҳо!
Шаҳло….